А.Одинаев: Тоҷикистон бо макотиби динии кишварҳои хориҷӣ ҳеҷ созишномае надорад

Вазорати маорифи Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти динӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ созишномае ба имзо нарасонидааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати рушди маълумоти байнулмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон Абдусаттор Одинаев хабар дод, Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии кишварҳои исломӣ як қатор соззишномаҳо дорад, вале бо муассисаҳои таълими динӣ ягон созишнома набастааст. «Мо бо донишгоҳҳое […]

ASIA-Plus


Вазорати маорифи Тоҷикистон бо кишварҳои исломӣ ҷиҳати гирифтани маълумоти динӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳеҷ созишномае ба имзо нарасонидааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати рушди маълумоти байнулмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон Абдусаттор Одинаев хабар дод, Тоҷикистон бо муассисаҳои таълимии кишварҳои исломӣ як қатор соззишномаҳо дорад, вале бо муассисаҳои таълими динӣ ягон созишнома набастааст.

«Мо бо донишгоҳҳое созишнома ба имзо мерасонем, ки бароямон кадрҳои ба онҳо ниёздоштаамонро тайёр кунанд. Ба кишварҳои исломӣ фиристодани донишҷӯён танҳо барои омӯхтани забон ҳеҷ зарурате надорад, зеро дар факултаи шарқшиносии ДМТ низ онҳо забонро омӯхта метавонанд», – қайд карда намояндаи вазорат.

Ба қавли вай, дар кишварҳои исломӣ аз қабили Эрону Миср ва Сурияву Арабистони Саъудӣ бисёр донишгоҳҳои пешрафтае мавҷуданд, ки метавон ба онҳо донишҷӯёни тоҷикро сафарбар намуд. «Айни замон тибқи квотаҳои ҷудошуда ба Тоҷикистон, дар кишварҳои исломӣ ҳудуди 600 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд», – иброз дошт вай.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки айни замон Тоҷикистон ба 280 ихтисос эҳтиёҷ дошта, Вазорати маориф танҳо аз рӯи ҳамин ихтисосҳо бо макотиби олии кишварҳои хориҷӣ шартномаҳо ба имзо мерасонад.

Қобили зикр аст, ки ба аввали соли 2011 дар макотиби олии динии хориҷи кишвар 2766 нафар тоҷикистониён таҳсил мекарданд. То имрӯз 2005 нафар донишҷӯён баргардонида шуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.