Тайи 24 рӯзи феврал ба Тоҷикистон ягон литр бензин ворид нашуд

Бино ба маълумоти расмӣ, тайи 24 рӯзи моҳи феврали соли равон ба Тоҷикистон ягон литр бензин ворид карда нашудааст. Аз 1 то 24-уми феврал ба Тоҷикистон 13 ҳазору 773 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки аз он 9,4 ҳазор тоннаашро сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, 1,7 ҳазор тоннаашро сӯзишвории дизелӣ, 1,1 ҳазор тоннаашро мазут, 932 тоннаашро битум […]

Заррина Эргашева


Бино ба маълумоти расмӣ, тайи 24 рӯзи моҳи феврали соли равон ба Тоҷикистон ягон литр бензин ворид карда нашудааст.

Аз 1 то 24-уми феврал ба Тоҷикистон 13 ҳазору 773 тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст, ки аз он 9,4 ҳазор тоннаашро сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳо, 1,7 ҳазор тоннаашро сӯзишвории дизелӣ, 1,1 ҳазор тоннаашро мазут, 932 тоннаашро битум ва 540 тоннаашро равғанҳои молиданӣ ташкил додаанд.

Тибқи ҳисобҳо, талаботи моҳонаи Тоҷикистон ба бензин ба ҳисоби миёна ҳудуди 49 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, моҳи январ ба Тоҷикистон ҳамагӣ 9 ҳазор тонна бензин ворид карда шудааст. Аз куҷо ворид шудани 40 ҳазор тонна боқимондаро метавон тахмин кард.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ҳамарӯза аз 300 то 350 адад мошинҳои боркаши дорои маҳсулоти нафтӣ кӯшиш мекунанд, ки ғайриқонунӣ марзи Тоҷикистону Қирғизистонро убур намоянд.

Ахири соли 2010 Русия боҷи содиротӣ ба маҳсулоти нафтии худ барои Қирғизистонро бекор намуда, имрӯз 1 тонна сӯзишвории Русия дар кишвари ҳамсоя нисбат ба Тоҷикистон 300 доллари ИМА арзонтар аст.

Қобили зикр аст, ки аввали моҳи феврали соли ҷорӣ миёни Тоҷикистону Русия дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. тонна дар як сол бидуни пардохти боҷи содиротӣ созишнома ба имзо расид, вале он ҳоло мавриди амал қарор нагирифтааст. Бино ба маълумоти ахир аз мақомоти дахлдор, созишнома ҳатто моҳи март ҳам шояд мавриди амал қарор нагирад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бузи Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.