Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯйи далели куштори навраси тоҷик

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷиҳати ошкор намудани қотили навраси 15-солаи тоҷик Муқимҷон Абдуғаниев аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунанд. Дар ин бора зимни вохӯрӣ бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва хадамоти консулгарии сафоратхонаи ҶТ дар Русия сардори шуъбаи тафтишоти байниноҳиявии Коптеви шаҳри Маскав Михаил Суворов хабар додааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷиҳати ошкор намудани қотили навраси 15-солаи тоҷик Муқимҷон Абдуғаниев аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунанд.

Дар ин бора зимни вохӯрӣ бо кормандони намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ва хадамоти консулгарии сафоратхонаи ҶТ дар Русия сардори шуъбаи тафтишоти байниноҳиявии Коптеви шаҳри Маскав Михаил Суворов хабар додааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон аз Маскав сухангӯи намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов иттилоъ дод, дар шӯъбаи зикршуда аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тамоми ҳолатҳои содир шудани ҷиноят ва шахсияти ҷинояткор мавриди таҳқиқ ва ҷараёни тафтишоти қазияи мазкур бевосита таҳти назорати мақомоти раҳбарӣ қарор дорад.

Ёдрас мекунем, ки шоми 27-уми феврал толибилми синфи 9-уми мактаби №843-и шаҳри Маскав Муқимҷон Абдуғаниев дар назди истгоҳи метро

ба қатл расонида шуд.

Дар идома И.Аҳмадов зикр кард, ки зимни суҳбат падари наврас, сокини ноҳияи Ҳисор Саид Бобомуродов ба корманди намояндагӣ изҳор намудааст, ки ҳодиса аснои аз тамрин баргаштани писараш бо ду нафар дӯстонаш рух дода, дар истгоҳ миёни ӯ ва як шахси ношинос муноқиша сар задааст.

Ба гуфтаи модари наврас Гулшода Холмирзоева, Муқимҷон писари боадабу гапдаро ва дар мактаб хуб таҳсил мекардааст.

Дар ба ватан фиристодани ҷасади наврас намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия мусоидат хоҳад намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.