Пагоҳ Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СҶТ мешавад

Пагоҳ, 2-юми март Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмои ҷаҳонии тиҷорат мешавад. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷараёни ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ соли 2001 оғоз гардида буд. Моҳи майи соли 2001 ҳукумати ҶТ бо мақсади тақвияти ҳамгиройии иқтисоди миллӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, таъмини савдои озоди байнулмилалӣ, рақобати солим, қонунӣ гардонидани сиёсати савдо ва рушди […]

Пайрав Чоршанбиев


Пагоҳ, 2-юми март Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмои ҷаҳонии тиҷорат мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҷараёни ворид шудани Тоҷикистон ба СҶТ соли 2001 оғоз гардида буд. Моҳи майи соли 2001 ҳукумати ҶТ бо мақсади тақвияти ҳамгиройии иқтисоди миллӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, таъмини савдои озоди байнулмилалӣ, рақобати солим, қонунӣ гардонидани сиёсати савдо ва рушди муносибатҳои бисёрҷонибаи иқтисодӣ ба Котиботи СҶТ ҷиҳати узвият ариза пешниҳод кард.

Моҳи июли соли 2010 дар асоси дархости Тоҷикистон Шӯрои генералии СҶТ дар бораи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба узвияти Тоҷикистн ба ин созмон қарор қабул намуд ва ба Тоҷикистон мақоми кишвари нозир дода шуд.

Дар ҷараёни мутобиқгардонии қонунгузории амалкунандаи ҶТ ба меъёрҳои СҶТ ва ташкили заминаи меъёриву ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи ҳуқуқи байнулмилалӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ таҳия гардида, бо кишварҳои узви СҶТ гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷониба анҷом дода шуданд. Оид ба масоили марбут ба СҶТ беш аз 80 асноди меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд.

Санаи 10-уми декабри соли гузашта президенти Тоҷикистон ва дабири кулли СҶТ протокол дар бораи узвияти Тоҷикистон ба ин созмонро ба имзо расониданд ва 9-уми январи соли равон парлумони ҷумҳурӣ ин протоколро тасдиқ намуда, ахири моҳи январ он ба Котиботи СҶТ фиристода шуд.

Айни замон 159 кишгвари дунё узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.