Пахши барномаҳои телевизиони «Пойтахт» барқарор мешавад

Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «Пойтахт» шоми имрӯз дубора барқарор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори шабака Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин робита изҳор намуд, аллакай аз Украина қисмҳои эҳтиётӣ барои ретраснлятор оварда шуда, интизорӣ меравад, ки соати 18:00 шабака фаъолияти худро барқарор хоҳад кард. Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 24-уми феврал пахши барномахои шабакаи телевизони «Пойтахт» […]

Меҳрангез Турсунзода


Пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «Пойтахт» шоми имрӯз дубора барқарор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори шабака Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар ин робита изҳор намуд, аллакай аз Украина қисмҳои эҳтиётӣ барои ретраснлятор оварда шуда, интизорӣ меравад, ки соати 18:00 шабака фаъолияти худро барқарор хоҳад кард.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 24-уми феврал пахши барномахои шабакаи телевизони «Пойтахт» қатъ гардида буд.

Аксарият қатъи пахши барномаҳои шабаакаи телевизиониро ба маъракаи интихоботи президентии тирамоҳи соли равон рабт доданд, вале А.Абдуқаҳҳор ин андешаҳоро рад кард.

«Мо шабакаи мухолифи давлат набуда, шабакаи давлатии телевизионӣ мебошем. Ресланятори мо воқеъан ҳам хеле кӯҳна аст. Ҳар кадоме аз шабакаҳо ретранслятори амалкунанда ва захиравӣ дорад, вале директори қаблӣ дар ин хусус бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, маълум шуд, ки  пайдо шудани мушкилоти фаннӣ дар кори ин шабака бори аввал набудааст. Гузашта аз ин, ретрансляторҳои ба ин монанд дигар истеҳсол намешаванд ва мо аз украиниҳо дархост намудем, ки ба ин навъи таҷҳзоти мо қисмҳои эҳтиётӣ дарёфт кунанд, ки хушбахтона, онҳо дархости моро ба иҷро расониданд», – гуфт вай.

Раиси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон Акаралӣ Сатторов низ бар ин назар аст, ки қатъи пахши барномахои шабакаи телевизионии «Пойтахт» ба ҳеҷ гунае ба маъракаи интихоботи президентӣ алоқамандие надорад. «Шабакаи телевизионии «Пойтахт» дар ҳаёти сиёсии кишвар таъсири зиёде надорад, ки ҳукуматдорони тоҷик ба қатъи фаъолияти он даст зананд», – мутмаин аст Сатторов.

Шабакаи телевизионии «Пойтахт» тобеъи мақомоти шаҳрдории Душанбе буда, тирамоҳи соли гузашта ба пахши шабонарӯзии барномаҳои худ оғоз намуд ва дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба пахши моҳвораӣ гузаштанист.

Бино ба маълумоти мақомоти раҳбарии шабака, айни замон мавҷҳои шабакаи телевизионии «Пойтахт» шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказро фаро гирифта, ҳудуди 2 млн. нафар тамошобинони шабакаанд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон чор шабакаи умумимиллӣ – «Шабакаи аввал», ТВ «Сафина», ТВ «Баҳористон» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» амал мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.