Баёнияи «ИмрузNews» дар робита ба ҳукми суд

Рӯзномаи «ИмрузNews» дар робита ба қарори судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати даъвои Рустам Ҳукумов ба унвони шахсони мансабдори давлатӣ ва сохторҳои байнулмилалӣ як баёния интишор намуд. Дар баёния зикр мегардад, ки ҳукми судя Шерзод Низомов дар бораи қонеъ сохтани аризаи даъвогии Ҳукумов ва аз ҷониби газета расман узр пурсидану ҷуброни 50 ҳазор сомонӣ […]

Маҳпора Киромова


Рӯзномаи «ИмрузNews» дар робита ба қарори судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт нисбати даъвои Рустам Ҳукумов ба унвони шахсони мансабдори давлатӣ ва сохторҳои байнулмилалӣ як баёния интишор намуд.

Дар баёния зикр мегардад, ки ҳукми судя Шерзод Низомов дар бораи

қонеъ сохтани аризаи даъвогии Ҳукумов

ва аз ҷониби газета расман узр пурсидану ҷуброни 50 ҳазор сомонӣ зарари маънавӣ барои навиштаи «Боқиев ва Ҳукумов «дарди сар» – и падарҳо шудаанд», ғайримунсифона ва ғайриқонунӣ аст.

Баёнияи худро рӯзнома бо он асоснок мекунад, ки судя дар тамоми ҷараёни мурофиа парвандаро бо тартиби якҷониба ба манфиати Ҳукумов баррасӣ намуд ва ин ҳолат аллакай бозгӯи он буд, ки чунин қарор қабул мешавад.  Сардабири рӯзнома Назири Нусрат бар ин назар аст, ки дар ҷаласаҳои қаблӣ худи судя якчанд дархости онҳоро, ки собитгари тибқи далелҳои муътамад навиштани мақола буданд, рад кардааст.

Дар баёния таъкид мегардад, ки баргузории ҷаласаҳо пушти дарҳои пӯшида, ба инобат нагирифтани дархостҳои сершумор ва худи ҳукми суд адолатнокии мурофиаи судӣ дар Тоҷикистонро зери суол мебарад.

Нусхаҳои баёнияи мазкур ба раиси Суди олии Тоҷикистон, вазири адлияи ҶТ, роҳбари намояндагии СММ ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва АМВАОМТ, сафирони ИМА, Британияи Кабир, Эрон ва Русия дар Тоҷикистон ва ҳамчунин созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муқими кишвар фиристода шудааст.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ) дар мавриди ҳукми суд оид ба даъвои Ҳукумов нисбати рӯзномаи «ИмрӯзNews»

изҳори нигаронӣ намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.