Ҳадафи тири пулис қарор гирифтани тоҷикон дар Твер

Як корманди мақомоти пулиси вилояти Твери Русия дар муноқишаи сари роҳ бо се нафар мард аз аслиҳаи ҷароҳатдеҳ истифода намуда, бар асари он ду нафар мунтақили бемористон ва ба ду тани дигар дар ҷойи ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа иттилоъ додааст. Московский комсомолетс менависад, […]

ASIA-Plus


Як корманди мақомоти пулиси вилояти Твери Русия дар муноқишаи сари роҳ бо се нафар мард аз аслиҳаи ҷароҳатдеҳ истифода намуда, бар асари он ду нафар мунтақили бемористон ва ба ду тани дигар дар ҷойи ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин минтақа иттилоъ додааст.

Московский комсомолетс менависад, қарибиҳои шоми рӯзи шанбе дар кӯчаи Пролетарскии шаҳри Твер корманди 33-солаи фаврӣ, майори пулис бинобар сабаби роҳ додан ба гузаштани автомашина бо се нафар шаҳрванди Тоҷикистон – марди 54-сола ва писарони 29 ва 31-солаи ӯ ба муноқиша даромехта, он то ба ҷанҷол расидааст ва пулис аз аслиҳаи худ истифода кардааст.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки зимни ҷанҷол ба ҳарифони ӯ муяссар шудааст, ки аслиҳаи ӯро гиранд ва ба сӯяш чанд тир холӣ кунанд.

Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба бемористон бистарӣ ва боз ба ду тан аз иштирокчиёни муноқиша дар ҷойи ҳодиса кӯмаки тиббӣ расонида шудааст. Манбаъ зикр кардааст, ки корманди пулис ҳушёр буда, машрубот истеъмол накардааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории РИА Новости иттилоъ медиҳад, ки дар маркази матбуоти ВКД Русия ин далелро тасдиқ намуда, хабар додаанд, ки аз рӯи он санҷиши хидматӣ ҷараён дорад ва дар сурати муайян шудани айби корманди пулис, нисбати ӯ чора андешида хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти Раёсати минтақавии ВКД, корманди пулис ба гаражи воқеъ дар кӯчаи Пролетарский омада, аз чор нафари дар роҳ истода дархост мекунад, ки ба каноре раванд, вале онҳо розӣ нашуда, ба таҳқири корманд пардохтаанд. «Сипас ӯ автомашинаи худро гузошта, пиёда ба гараж ворид шудааст. Ин чор нафар низ аз паси ӯ равона шуда, дар гараж табареро дарёфт ва бо он ба сари корманди пулис зарба задаанд», – гуфта мешавад дар хабар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.