Қатъи парванда нисбати журналисти ТВ «Ҷаҳоноро»

Суди шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати рӯзноманигори шабакаи телевизиони «Ҷаҳоноро»-и вилояти Суғдро қатъ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари шабакаи телевизион Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, парванда бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати баррасӣ қатъ шудааст, зеро мутобиқи моддаи 33-и Кодекси маъмурии ҶТ, дар сурати гузаштани се моҳ аз замони содир шудани қонуншиканӣ, шаҳрванд ба […]

Мавлуда Рафиева


Суди шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи маъмурӣ нисбати рӯзноманигори шабакаи телевизиони «Ҷаҳоноро»-и вилояти Суғдро қатъ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари шабакаи телевизион Муҳаббат Ҷӯраева хабар дод, парванда бинобар сабаби ба итмом расидани муҳлати баррасӣ қатъ шудааст, зеро мутобиқи моддаи 33-и Кодекси маъмурии ҶТ, дар сурати гузаштани се моҳ аз замони содир шудани қонуншиканӣ, шаҳрванд ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шуда наметавонад.

Ба қавли вай, қонуншиканӣ санаи 6-уми сентябри соли 2012 зимни дар шабакаи пахш шудани иттилоъ дар бораи ҳодисаи сӯхтор дар бозори «Корвон»-и пойтахт ва ҷабрдидагон бар асари он бо истинод ба маълумоти сарчашмаи аввал – сомонаи агентии «TojNews» ба қайд гирифта шуда буд.

Қаблан ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии ВАО ва рӯзноманигорони вилояти Суғд Муҳаббат Ҷӯраева чандин маротиба изҳор намуда буд, ки дар моддаи 373-и Кодекси маъмурии ҶТ ба қонуншиканӣ барои паҳнкунии маҳсулоти ВАО ва ҳамчунин хабару маводи оҷонсии хабаргузорӣ бидуни сабти ном ишора рафта, дар амали роҳбари шуъбаи иттилоотии телевизиони «Ҷаҳоноро» Моҳира Воҳидова

қонуншиканӣ ҷой надорад

, – гуфта буд Ҷӯраева. – ВАО-и мазкур ба қайд гирифта шуда, хабари пахшшуда аз сарчашмаи дигар – TojNews гирифта шудааст ва тибқи моддаи 36-и Қонуни ҶТ «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», агар ахбор аз сарчашмаи дигари иттилоотӣ гирифта шуда, ба ин сарчашма ишора рафта бошад, пас дар ин ҳолат ВАО-и ин хабарро истифодакарда аз масъулият озод мегардад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.