Маҳфили «Мулоқоти ду насл»-и ҲХДТ дар Душанбе

Дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акалемик Муҳаммад Осимӣ бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Мулоқоти ду насл» маҳфили идона баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҳфил муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров, раиси Фраксияи […]

ASIA-Plus


Дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акалемик Муҳаммад Осимӣ бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Мулоқоти ду насл» маҳфили идона баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар маҳфил муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров, раиси Фраксияи ҲХДТ дар парлумони кишвар Махфират Хидирова, раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони МН МО ҶТ Марҳабо Ҷабборова, узви ММ МО Олӣ Заррина Раҷабова, мудири шӯъбаи кор бо занони Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Фирӯза Шарифова, аъзои Раёсати КИМ ҲХДТ Садафмоҳ Абдуллоева, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҷамшед Саидов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Умринисо Казакова, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Анвар Абдурасулов ва зиёда аз 300 нафар ҷавондухтарони фаъол ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар назди ҳозирин муовини аввали раиси ҲХДТ С.Сафаров қайд кард, ки ҳадаф аз ташкил намудани чорабинӣ фароҳам овардани имконият барои мулоқоти озод миёни насли ҷавон ва насле, ки дар самти интихобкардаи худ меваффақ гаштаанд, зеро ҳаёту фаъолияти занҳои барӯманд метавонад дар ҳаёти минбаъдаи чавондухтарон ҳамчун намунаи ибрат ва мактаби омӯзиш саҳм гирад.

Ҳамзамон, вобаста ба барномаҳои мушаххаси ҲХДТ дар самти кор бо занон зикр намуд, ки имрӯз занон яке аз нерӯи боэътимоди ҲХДТ мебошанд, зеро шумораи онҳо дар сафҳои ҲХДТ наздик 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки ин ба 40 дарсади аъзои умимии ҲХДТ баробар аст.

Ба иттилои манбаъ, вакилони парлумон аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварданд, ки дар кори амалисозии қонунҳои кишвар, ки ба дифоъ аз ҳуқуқи занон ва тарбияи кӯдакон нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат варзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.