Бо супориши ҳукумати кишвар, ширкати «Барқи тоҷик» муҳлати таъминоти аҳолӣ бо барқро дар манотиқи ҷумҳурӣ боз зиёдтар намуд. Шурӯъ аз 5-уми март аҳолии манотиқи кишвар дар як шабонарӯз 18 соат бо нерӯи барқ таъмин карда мешаванд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», аз имрӯз ба баъд акнун ба сокинони тамоми манотиқи кишвар аз соати 5:00-и субҳ то соати 23:00 барқ дода мешавад. Дар ширкат ин иқдомро ба нисбатан нарм омадани фасли зимистон ва бо реҷаи дуруст истифода бурдани захираи обӣ-энергетикии кишвар дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2012-2013 шарҳ медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки даҳаи аввали моҳи октябри соли гузашта дар манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ гардида буд. Дар моҳҳои декабр ва январ вобаста ба зиёд будани талабот бо нерӯи барқ, сокинони кишвар то 6-7 соат, шурӯъ аз 11 феврал то 9 соат ва аз 25-уми феврал то 12 соат барқ мегирифтанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар бораи пурра барҳам додани маҳдудият сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст, зеро он ба обуҳаво ва маҷрои рӯдхонаи Вахш вобаста аст, ки нерӯгоҳҳои асосии барқӣ дар он ҷойгиранд.
Дар ширкати «Барқи тоҷик» аз аҳолӣ даъват ба амал оварданд, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода намуда, саривақт маблағи истифодаи онро пардохт намоянд.




Hamash drug
Hamash durug bo qishloqoda svet nest.