Қабули қонун «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав

spot_imgspot_img

Дата:


Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум вакилон пас аз баррасии тӯлонӣ аз лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф дар таҳрири нав ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов изҳор кард, ки лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» дар таҳрири нав пеш аз ҳама бо мақсади таҳкими ислоҳот ва рушди соҳа, аз ҷумла таъмини сатҳу сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳу сифати дониши таълимгирандагон, мутобиқат ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ таҳия шудааст.

Ба гуфтаи вазир барои такмили лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф» бо ҷалби мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва ин лоиҳа мавриди муҳокимаи ҳамаҷонибаи гурӯҳи мазкур қарор гирифта, ба он зиёда аз 1050 таклифу пешниҳодҳо ирсол гардид, ки бештари онҳо дар такмили лоиҳаи қонун истифода шуданд.

Саидов зикр кард, ки дар лоиҳаи қонуни нав мафҳумҳои наве чун бакалавриат, магистратура, маълумот барои калонсолон, маълумоти кредитӣ (қарзӣ), маълумот барои кӯдакони қобилиятнок, нострификатсия (эътирофи ҳуҷҷатҳои кишварҳои хориҷӣ дар бораи сатҳи маълумот ва (ё) тахассус) мавриди амал қарор мегиранд.

«Лоиҳаи қонуни мазкур ба гирифтани маълумот ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони аз шаҳрвандӣ маҳруми дар қаламрави кишвари мо иқоматдошта кафолат дода, ҳамчунин гирифтани маълумоти ройгон дар хона ба кӯдакони дорои имконияташон маҳдудро низ замонат медиҳад», – иброз дошт вазир.

Дар посух ба саволи амояндагони мардумӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ таъкид намуд, ки аллакай имрӯз дар кишвар корҳои таҳияи китобҳои дарсии насли нав оғоз гардида, нашри онҳо ахири соли 2014 оғоз мегардад.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...