Сафорати ИМА ба марзбонони тоҷик кӯмак кард

Имрӯз Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии cафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва лавозимоти шахсӣ иборат аз лавозимоти шахсии ҳимояткунанда, либосҳои гарм ва лавозимоти размороиро бо арзиши зиёда аз 460 000 доллари амрикоӣ ба отряди сарҳадӣ дар ноҳияи Шуробод супорид. Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, таҷҳизоти мазкур ба баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои […]

ASIA-Plus


Имрӯз Шӯъбаи ҳамкориҳои ҳарбии cафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва лавозимоти шахсӣ иборат аз лавозимоти шахсии ҳимояткунанда, либосҳои гарм ва лавозимоти размороиро бо арзиши зиёда аз 460 000 доллари амрикоӣ ба отряди сарҳадӣ дар ноҳияи Шуробод супорид.

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, таҷҳизоти мазкур ба баланд бардоштани сатҳи тавоноии қувваҳои мобилии мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қувваҳои сарҳадии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди нашъаҷаллобон  ва ифротгарон мусоидат мекунад. Аз ҷонибӣ сафорати ИМА дар ин чорабинӣ атташеи ҳарбӣ подполковник Джон Фрейвел ва роҳбари барномаи зидди маводи нашъаовар Артур Тарян ширкат варзиданд.

Подполковник Джон Фрейвел дар суханронии хеш қайд кард: “Ҳукумати Амрико бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди қочоқ ва нашъаҷаллобӣ мақсадҳои  муштарак дорад. Кӯмаки мазкур  кӯшишҳои қувваҳои мобилии мусаллаҳи махсуси қисми ҳарбии қувваҳои сарҳадиро дар мубориза бар зидди ифротгароӣ ба таври назаррас беҳтар намуда, амнияти марзбононро, ки баҳри бехатарии Тоҷикистон ҳаёти худро зери хатар мегузоранд таъмин менамояд”. 

Инъоми мазкур яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Аз соли 1992 то инҷониб мардуми Амрико маблағи зиёда аз  як миллиард доллари амрикоро баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои кӯмакрасон, ки ба рушди иқтисод мусоидат намуда, фаъолияти  институтҳои демократӣ, соҳаҳои тиб, маориф ва амнияти Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд ҷудо намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.