Зуҳуров: Дар тасдиқи созишномаҳои байниҳукуматӣ шитобкорӣ нашояд

Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум ду созишнома оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба тасвиб расид. Зимни шарҳи онҳо ба вакилон муовини вазири мудофиаи ҶТ Суҳроб Маҳмадов зикр кард, ки ин ҷо сухан сари Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи чоруми МН МО ҶТ даъвати чорум ду созишнома оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба тасвиб расид.

Зимни шарҳи онҳо ба вакилон муовини вазири мудофиаи ҶТ Суҳроб Маҳмадов зикр кард, ки ин ҷо сухан сари Созишнома оид ба ҳамкории мутақобила дар соҳаи таблиғию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ байни давлатҳои аъзои СААД  ва Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи ташкил намудани системаи ягонаи ҳимояи техникии роҳҳои оҳани давлатҳои аъзои СААД меравад.

Зикр шуд, ки дар моддаҳои алоҳидаи санадҳои мазкур масъалаҳои ҳамкории мутақобила, мақомоти ваколатдори тарафҳо, ҳамкории ҳарбию иқтисодии корхонаҳо ва ташкилотҳои тарафҳо дар соҳаи таблиғотию намоишгоҳӣ ва ҳарбию иқтисодӣ, ташкил намудани кумитаҳои тадорукот, гурӯҳҳои кории дуҷониба ва бисёрҷониба зикр карда шуда, ҳамчунин муносибатҳои оид ба баҳсҳо ва ихтилофоти назар вобаста ба Созишномаи мазкур, тағйиру иловаҳо ва тартиби эътибор пайдо намудани он муқаррар гардидааст.

Зимни баррасии масоили мазкур вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков дар бораи хеле барвақт ба имзо расидани созишномаҳо ва сабаби бо гузашти муддати зиёд ба тасдиқи парлумон пшниҳод кардани онҳо савол дод.

Дар посух раиси МН МО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров зикр кард, ки дар масъалаи тасдиқи баъзе созишномаҳои байниҳукуматии дуҷониба ва бисёрҷониба набояд ба шитобкорӣ роҳ дод.

«Нахуст ҳамаи созишномаҳо бояд ҳатман аз расмиёти дохилидавлатӣ гузаранд, ки барои ин вақти муайяне зарур аст ва сониян, онҳоро дақиқан мавриди омӯзиш қарор додан зарур аст», – иброз дошт Ш.Зуҳуров.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.