Толори нав барои кӯдакон дар Китобхонаи миллӣ

spot_imgspot_img

Дата:

- Advertisement -


Дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ барои кӯдакону наврасон толори нав ифтитоҳ гардид, ки дар он 3 ҳазор нусха китобҳо гирдоварӣ шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи Китобхонаи миллӣ Фотима Яқубова хабар дод, толор ба ду қисм ҷудо шуда, як миқдори муайяни адабиёт барои кӯдакони синнусоли мактабӣ ва қисмати дигар ба кӯдакони синнусолӣ томактабӣ пешбинӣ шудааст.

- Advertisement -

«Дар шуъбаи барои кӯдакони синнусоли томактабӣ таъиншуда ҳамчунин бозиҳои рӯимизии инкишофӣ, китобҳои шавқовар бо забонҳои гуногун, аз ҷумла русиву англисӣ, олмониву фаронсавӣ ва дигар забонҳо мавҷуданд», – иброз дошт вай.

Қобили зикр аст, ки қаблан толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ба хотири боздид аз толорҳои компютерӣ ба Китобхонаи миллӣ мерафтанд. Акнун дар ин шуъба хоҳишмандон тамоми адабиёти зарурии ноширони ватанӣ ва хориҷиро дарёфт карда метавонанд.

- Advertisement -

Популярное

Похожие материалы