Баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгия

Дата:


Чанде қабл дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо раиси Палатаи намояндагони парлумони Шоҳигарии Белгия Андре Флао баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муносиботи байни Тоҷикистону Белгияро, бахусус дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ муҳокима намуданд.

Сафир Р. Солиев ба зарурати таҳким бахшидани раванди мусбати рушди робитаҳои дуҷониба, хосатан дар самти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъкид кард.

Дипломати Тоҷикистон ба ҷониби Белгия дар бораи баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013 ва Конфронси дарпешистодаи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе иттилоъ дода, намояндагони Парлумони Белгияро барои иштирок дар он даъват намуд.

Ҳамсӯҳбатон инчунин доир ба вазъи амниятии минтақа, аз ҷумла дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон пас аз соли 2014, табодули назар намуданд.

Похожие материалы

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Поделиться:

spot_imgspot_img

Популярное