Президент занонро бо Рӯзи модар табрик мекунад

Ин замон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт ҷаласи ботантана бахшида ба Рӯзи модар ҷараён дошта, дар фарҷоми он бо иштироки устодони санъат консерти идона баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа фаъолзанони кишвар, кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, занони собиқадор, аъзои ҳукумат, вакилони ҳарду палатаи парлумон […]

ASIA-Plus


Ин замон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт ҷаласи ботантана бахшида ба Рӯзи модар ҷараён дошта, дар фарҷоми он бо иштироки устодони санъат консерти идона баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа фаъолзанони кишвар, кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, занони собиқадор, аъзои ҳукумат, вакилони ҳарду палатаи парлумон ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок доранд. Дар назди ҳозирин бо паёми табрикотӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ мекунад.

Чорабинии мазкур мустақиман дар тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш дода мешавад.

Бо фармони президенти ҷумҳурӣ, шурӯъ аз соли 2009 дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилали занон ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба маълумоти оморӣ, дар охири соли 2012 дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон бо назардошти бахши хусусӣ, беш аз 1 млн. нафар занону духтарон машғули кор буданд, ки 45% аз шумори умумии аҳолии машғул ба кори кишварро ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.