Баррасии масоили таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Белгия

Чанде қабл дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо раиси Палатаи намояндагони парлумони Шоҳигарии Белгия Андре Флао баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муносиботи байни Тоҷикистону Белгияро, бахусус дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ муҳокима намуданд. Сафир Р. […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Брюссел вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия Рустамҷон Солиев бо раиси Палатаи намояндагони парлумони Шоҳигарии Белгия Андре Флао баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муносиботи байни Тоҷикистону Белгияро, бахусус дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, иҷтимоӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ муҳокима намуданд.

Сафир Р. Солиев ба зарурати таҳким бахшидани раванди мусбати рушди робитаҳои дуҷониба, хосатан дар самти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, таъкид кард.

Дипломати Тоҷикистон ба ҷониби Белгия дар бораи баргузории Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013 ва Конфронси дарпешистодаи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар ш. Душанбе иттилоъ дода, намояндагони Парлумони Белгияро барои иштирок дар он даъват намуд.

Ҳамсӯҳбатон инчунин доир ба вазъи амниятии минтақа, аз ҷумла дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон пас аз соли 2014, табодули назар намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.