Ин замон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт ҷаласи ботантана бахшида ба Рӯзи модар ҷараён дошта, дар фарҷоми он бо иштироки устодони санъат консерти идона баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, дар ҷаласа фаъолзанони кишвар, кормандони мақомоти давлатӣ, вазорату идораҳо, занони собиқадор, аъзои ҳукумат, вакилони ҳарду палатаи парлумон ва намояндагони аҳли ҷомеа иштирок доранд. Дар назди ҳозирин бо паёми табрикотӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ мекунад.
Чорабинии мазкур мустақиман дар тамоми шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ намоиш дода мешавад.
Бо фармони президенти ҷумҳурӣ, шурӯъ аз соли 2009 дар Тоҷикистон Рӯзи байнулмилали занон ҳамчун Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад.
Бино ба маълумоти оморӣ, дар охири соли 2012 дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон бо назардошти бахши хусусӣ, беш аз 1 млн. нафар занону духтарон машғули кор буданд, ки 45% аз шумори умумии аҳолии машғул ба кори кишварро ташкил медиҳад.



