Будубоши беш аз 150 нафар тоҷикон дар Канада

Зимни вохӯрӣ бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев директори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебеки Канда Шоисматулло Ҳабибӣ изҳор кардааст, ки имрӯз дар Канада беш аз 150 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд. Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ Девонаев зикр кардааст, ки воқеияти имрӯза чунин аст, ки аксари […]

Наргис Ҳамробоева


Зимни вохӯрӣ бо сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев директори Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебеки Канда Шоисматулло Ҳабибӣ изҳор кардааст, ки имрӯз дар Канада беш аз 150 нафар шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ доранд.

Тавре аз Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ Девонаев зикр кардааст, ки воқеияти имрӯза чунин аст, ки аксари кишварҳои дунё ба мушкилоти муҳоҷирати корӣ мувоҷеҳ буда, тамоилҳои гуногуни онҳоро мебояд мавриди омӯзиш қарор дод.

Сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ чунин ибрози андеша намудааст, ки дар ин самт таҷрибаи кишварҳои Туркия, Малайзия ва Филиппин шоистаи ибрат буда, дар ин давлатҳо чандин даҳсолаҳо қабл муҳоҷирати кории байнулмилалӣ рушд ёфтааст.

Дар навбати худ Шоисматулло Ҳабибӣ зикр кардааст, ки Хадамоти муҳоҷирати шаҳри Квебек бо 150 нафар шаҳрвандони тоҷики муқими Канада ҳамеша дар тамос аст. «Касоне, ки кору зиндагӣ дар Канадаро ихтиёр мекунанд, бояд забони англисиву фаронсавиро хуб дониста, соҳибкасб бошанд, то ки ҳарчи осонтар ба ҳаёти ҷомеаи кишвари будубош мутобиқ гарданд», – таъкид доштааст ӯ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.