Мусодираи як миқдор симоб дар истгоҳи роҳи оҳани Душанбе

Дар назди истгоҳи роҳи оҳани Душанбе як миқдор маводи заҳролуди симоб мусодира гардид. Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, зимни баргузории амалиёт дар истгоҳи роҳи оҳани пойтахт ба гумони фурӯши маводи ниҳоят заҳровари симоб сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд боздошт гардида, аз ӯ шишаи пластикии дорои 500 грамм симоб дарёфт ва […]

Наргис Ҳамробоева


Дар назди истгоҳи роҳи оҳани Душанбе як миқдор маводи заҳролуди симоб мусодира гардид.

Бино ба иттилои Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ, зимни баргузории амалиёт дар истгоҳи роҳи оҳани пойтахт ба гумони фурӯши маводи ниҳоят заҳровари симоб сокини ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд боздошт гардида, аз ӯ шишаи пластикии дорои 500 грамм симоб дарёфт ва мусодира шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 206, қ. 2-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии моддаҳои  сахттаъсир  ё заҳролуд бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, боздоштшуда дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигоҳдорӣ мешавад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки чанде қабл дар шаҳри Душанбе кормандони Агентӣ ба гумони даст доштан дар паҳнкунии маводи нашъаовар сокини 20-солаи пойтахтро боздошт намуда, зимни кофтукови ӯ якчанд қуттии гӯгирди дорои маводи мухаддири бангдонаро дарёфт ва мусодира намудаанд. Аз рӯи ин далел ҳам корҳои тафтишотӣ ҷараён доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.