Идомаи парвозҳои ҳавопаймои «Ист Эйр» пас аз фурудоии садамавӣ

Ҳавопаймои Airbus A320-и ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр»-и Тоҷикистон рӯзи 11-уми март бинобар ошкор шудани нуқсҳо дар кори муҳаррик соати 12-и вақти Душанбе бо 150 нафар мусофир ва 7 корманди ҳайати ҳавопаймо ба таври садамавӣ ба майдони ҳавоии шаҳри Жезказгани вилояти Қарағандаи Қазоқистон фуруд омада буд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии мазкур хабар доданд, […]

Заррина Эргашева


Ҳавопаймои Airbus A320-и ширкати ҳавопаймоии «Ист Эйр»-и Тоҷикистон рӯзи 11-уми март бинобар ошкор шудани нуқсҳо дар кори муҳаррик соати 12-и вақти Душанбе бо 150 нафар мусофир ва 7 корманди ҳайати ҳавопаймо ба таври садамавӣ ба майдони ҳавоии шаҳри Жезказгани вилояти Қарағандаи Қазоқистон фуруд омада буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати ҳавопаймоии мазкур хабар доданд, ҳавопаймо парвоз тавассути хатсайри Кӯлоб-Екатеринбургро анҷом медод ва пас аз гузашти тақрибан 2 соат аз вақти парвоз низоми таъмини сӯзишворӣ ҳушдор додааст, ки аз яке аз зарфҳои сӯзишворӣ интиқоли бензин ба пуррагӣ ҷараён надорад.

«Пас аз фуруд омадан дар майдони ҳавоии шаҳри Жезказган ҳавопаймо мавриди санҷиши дақиқ қарор гирифта, нуқсу камбудиҳо ошкор нашуданд ва пас аз се соати фурудоӣ ҳавопаймо ба макони таъинот раҳсипор шуд», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, ҳуди ҳамон рӯз ин ҳавопаймо парвоз ба шаҳри Маскавро низ анҷом дода, бидуни ҳеҷ мушкилоте ба фурудгоҳи Кӯлоб баргаштааст. «Сарфи назар аз ин, мо барои ошкор сохтани ба чунин вазъ гирифтор шудани ҳавопаймо комиссия ташкил намуда, имрӯз ин ҳавопаймо мавриди истифода қарор дорад ва ба парвозҳои минбаъда омодагӣ мегирад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Ист Эйр» соли 2007 дар Тоҷикистон сабтином шуда ба ҳамлу нақли мусофирон машғул аст. Фрудгоҳи заминавии ширкати «Ист Эйр» Фурудгоҳи байнулмилалии Кӯлоб мебошад. Парки ширкат аз 4 ҳавопаймо – 1 Боинг 737-300, 1 Боинг 737-400 ва 2 Аэробуси А320 иборат аст.


 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.