ВКД: Пешвои ҲУСДТ мавриди таъқиб қарор нагирифтааст

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти санаи 7-уми март тавассути ВАО интишоршудаи раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар бораи аз шиносҳои деринааш тақозо намудани шикоят бурдан алайҳи ӯро мавриди омӯзиш қарор дод. Котиби матбуотии ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид изҳор кард, ки шахсони дар изҳороти Зойиров зикршуда, аз ҷумла […]

Аваз Юлдошев


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти санаи 7-уми март тавассути ВАО интишоршудаи раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар бораи аз шиносҳои деринааш тақозо намудани шикоят бурдан алайҳи ӯро мавриди омӯзиш қарор дод.

Котиби матбуотии ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид изҳор кард, ки шахсони дар изҳороти Зойиров зикршуда, аз ҷумла Бахтиёр Сафаров ва як зане бо номи Заррина умуман дар низоми корҳои дохилии кишвар фаъолият надоштаанд.

«Ғайр аз ин, ҳеҷ кадоме аз афрод бо номҳои У.Сапаров, Ю.Сапаров, Назира ва Муноҷот ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ даъват нашудаанд ва ин зимни санҷиши пешакии доиргардида тасдиқ шуд», – иброз дошт вай.

Ёдрас мекунем, ки дар изҳороти Зойиров зикр гардида буд, ки аллакай муддати ним сол аст, ки ҳукуматҳои марказиву маҳаллӣ ва сохторҳои қудартии кишвар ба ҳама гуна кӯшишҳои талаби ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» монеъа эҷод месозанд.

Ба эътиқоди Зойирлов, моҳи сентябри соли гузашта онҳо се маротиба баргузор намудани мизи гирд оид ба ин масъаларо тарҳрезӣ карда, вале ҳар дафъа ба онҳо монеъа эҷод сохта буданд. Ғайр аз ин, дар изҳорот баён гардида буд, ки дар ин давра ба аъзои Кумитаи эътилоф, ки махсус барои баррасии масоили рушди демократия ва такмили қонунгузории интихоботи президент таъсис ёфта буд, низ фишори равониву маънавӣ оварда шуд.

Ба ҷавобгарӣ кашидани раиси ҲНИТ, узви парлумон Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт ва таҳдид ба муовини раиси ҲУСДТ Шокирҷон Ҳакимов аз ҷумлаи чунин фишорҳо дар изҳорот унвон шуда буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.