Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳороти санаи 7-уми март тавассути ВАО интишоршудаи раиси Ҳизби умумимилии сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар бораи аз шиносҳои деринааш тақозо намудани шикоят бурдан алайҳи ӯро мавриди омӯзиш қарор дод.
Котиби матбуотии ВКД ҶТ Маҳмадулло Асадуллоев ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид изҳор кард, ки шахсони дар изҳороти Зойиров зикршуда, аз ҷумла Бахтиёр Сафаров ва як зане бо номи Заррина умуман дар низоми корҳои дохилии кишвар фаъолият надоштаанд.
«Ғайр аз ин, ҳеҷ кадоме аз афрод бо номҳои У.Сапаров, Ю.Сапаров, Назира ва Муноҷот ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ даъват нашудаанд ва ин зимни санҷиши пешакии доиргардида тасдиқ шуд», – иброз дошт вай.
Ёдрас мекунем, ки дар изҳороти Зойиров зикр гардида буд, ки аллакай муддати ним сол аст, ки ҳукуматҳои марказиву маҳаллӣ ва сохторҳои қудартии кишвар ба ҳама гуна кӯшишҳои талаби ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ» монеъа эҷод месозанд.
Ба эътиқоди Зойирлов, моҳи сентябри соли гузашта онҳо се маротиба баргузор намудани мизи гирд оид ба ин масъаларо тарҳрезӣ карда, вале ҳар дафъа ба онҳо монеъа эҷод сохта буданд. Ғайр аз ин, дар изҳорот баён гардида буд, ки дар ин давра ба аъзои Кумитаи эътилоф, ки махсус барои баррасии масоили рушди демократия ва такмили қонунгузории интихоботи президент таъсис ёфта буд, низ фишори равониву маънавӣ оварда шуд.
Ба ҷавобгарӣ кашидани раиси ҲНИТ, узви парлумон Муҳиддин Кабирӣ аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт ва таҳдид ба муовини раиси ҲУСДТ Шокирҷон Ҳакимов аз ҷумлаи чунин фишорҳо дар изҳорот унвон шуда буданд.



