Субҳи имрӯз дар Кохи Миллат мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Австрия Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер доир гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон Австрияро аз ҷумлаи шарикони муҳиму боэътимоди худ дониста, ҳавасманди рушди минбаъдаи ҳамёрии созанда бо он дар арсаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодӣ аст.
Ҳайнтс Фишер ҳавасмандии Австрияро ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи сиёсию амниятӣ, иқтисодию сармоягузорӣ ва фарҳангӣ бо Тоҷикистон таъкид дошта, ба узвияти комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо пазируфта шудани кишвари Тоҷикистонро «заминаи хуб барои тавсиаи робитаҳои судбахш» маъндод кард.
«Мавқеи ба ҳам наздик ё монанд оид ба мавзӯъҳои умдаи байналмилалӣ, ки Тоҷикистону Австрия доранд, низ заминаи хуби сиёсӣ барои густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар аст», – таъкид кард президенти Тоҷикистон.
Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои бунёдии иқтисодиёт ва сармоягузорӣ, аз ҷумла энергетика, саноати сабук ва хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нақлиёту иртиботот, истеҳсоли маводи сохтмонӣ ва ғайра самтҳои ояндадори муносиботи ду кишвар номида шуд.



