Аз рӯйи ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия дар соли гузашта Тоҷикистон мақоми дуввумро ишғол карда, дар ин давра танҳо шаҳрвандони Ӯзбекистон аз тоҷикон бештар маблағ ба ватан фиристодаанд.
Бино ба маълумоти Бонки марказии Русия, соли гузашта ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 3 млрд. 651 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Соли гузашта маблағи пулии аз ҳама бештарро шаҳрвандони Ӯзбекистон аз Русия ба ватан фиристодаанд, ки он ба 5 млрд. 693 млн. доллари ИМА баробар аст. Мақоми сеюм дар ин рӯйхатро бо интиқоли 3 млрд. 162 млн. $ Украина касб кардааст. Маблағи умумии соли гузашта аз Русия ба кишварҳои дигар интиқолшуда ҳудуди 49 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти омории Бонки марказии Русия, ҳаҷми умумии маблағи воридшудаи шахсони воқеӣ ба Русия дар соли гузашта каме бештар аз 14 млрд. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Соли 2012 аз Тоҷикистон ба Русия ба манфиати шахсони воқеӣ 425 млн доллари ИМА маблағ интиқол шудааст.
Сегонаи пешсафи кишварҳои аз ҳама бештар дар соли 2012 ба Русия маблагӣ пулӣ воридкардаро Швейтсария (2 млрд. 370 млн. $), Кипр (1 млрд. 190 млн. $) ва Қазоқистон (1 млрд. 107 млн. $) ташкил медиҳанд.
Бино ба маълумоти Вазорати молияи ҶТ, соли гузашта шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 3,8 млрд. доллари ИМА маблағ интиқол додаанд.



