Дар зарфи ду моҳи соли равон Тоҷикистон ба маблағи беш аз 3 млн. доллари ИМА нерӯи барқ содирот кардааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми зикршуда нисбат ба ду моҳи соли гузашта беш аз 2,4 маротиба зиёдтар аст. Дар ду моҳи аввали соли 2012 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблаги каме зиёдтар аз 1,2 млн. $ нерӯи барқ содирот карда буд.
Бо назардошти бо нархи 3,57 сент барои 1 кВт/соат танҳо ба Афғонистон содирот шудани нерӯи барқи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии тахминии барқи дар ин давра содиротшуда 107 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, яъне дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон шабонарӯзӣ ба кишвари ҳамсоя беш аз 1,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медодааст.
Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 1,5 млн. $ каме бештар аз 53 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот карда буд.
Қобили зикр аст соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 666 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода буд, ки нисбат ба ҳаҷми соли 2011 ба миқдори 476 млн. кВт/соат зиёдтар аст.



