Хатлон: Ба як соли зиндон маҳкум шудани сарбози фирорӣ

Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон барои фирор намудан аз роҳ ба сӯи макони будубоши доимии хизмат сарбози даъватшуда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Меҳроби Каримро ба 1 соли зиндон маҳкум намуд. Ба гуфтаи судя, Меҳроби Карим санаи 11-уми майи соли 2012 барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шуд. «Аз комиссариати ҳарбии навоҳии тобеи […]

Сайраҳмон Назриев



Суди ҳарбии гарнизони вилояти Хатлон барои фирор намудан аз роҳ ба сӯи макони будубоши доимии хизмат сарбози даъватшуда, сокини ноҳияи Рӯдакӣ Меҳроби Каримро ба 1 соли зиндон маҳкум намуд.

Ба гуфтаи судя, Меҳроби Карим санаи 11-уми майи соли 2012 барои адои хизмати ҳарбӣ ба комиссариати ноҳияи Рӯдакӣ даъват карда шуд.

«Аз комиссариати ҳарбии навоҳии тобеи марказ ӯ ҳамроҳи  9 нафари дигари даъватшавандагон ба хизмати доимӣ ба қисми низомии №01223-и Вазорати мудофиа воқеъ дар шаҳри Хоруғ сафарбар гардида, дар роҳи сафар ба қисми низомӣ, дар қаламрави деҳаи Тутобии ноҳияи Мӯъминобод аз хароб будани пул истифода карда, ба самти номаълум фирор мекунанд, вале баъди чанде яке аз онҳо аз тарси таъқиботи ҷиноӣ ба назди автомашина бармегардад», – иброз дошт судя.

Прокуратураи низомӣ нисбати 8 нафар сарбози гуреза парвандаи ҷиноятӣ боз намуда, то имрӯз танҳо се нафар аз онҳо боздошт шудаанд. Сарбозон Ҳафиз Шарифов ба 2 сол ва Суҳроби Акобир ба 1 соли зиндон маҳкум гардида, панҷ нафари боқимонда дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.