Содироти нерӯи барқ ба маблағи беш аз 3 млн. $ дар 2 моҳ

Дар зарфи ду моҳи соли равон Тоҷикистон ба маблағи беш аз 3 млн. доллари ИМА нерӯи барқ содирот кардааст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми зикршуда нисбат ба ду моҳи соли гузашта беш аз 2,4 маротиба зиёдтар аст. Дар ду моҳи аввали соли 2012 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблаги каме зиёдтар […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар зарфи ду моҳи соли равон Тоҷикистон ба маблағи беш аз 3 млн. доллари ИМА нерӯи барқ содирот кардааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми зикршуда нисбат ба ду моҳи соли гузашта беш аз 2,4 маротиба зиёдтар аст. Дар ду моҳи аввали соли 2012 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблаги каме зиёдтар аз 1,2 млн. $ нерӯи барқ содирот карда буд.

Бо назардошти бо нархи 3,57 сент барои 1 кВт/соат танҳо ба Афғонистон содирот шудани нерӯи барқи Тоҷикистон, ҳаҷми умумии тахминии барқи дар ин давра содиротшуда 107 млн. кВт/соатро ташкил медиҳад, яъне дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон шабонарӯзӣ ба кишвари ҳамсоя беш аз 1,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол медодааст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 1,5 млн. $ каме бештар аз 53 млн. кВт/соат нерӯи барқ содирот карда буд.

Қобили зикр аст соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар беш аз 666 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода буд, ки нисбат ба ҳаҷми соли 2011 ба миқдори 476 млн. кВт/соат зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.