Ба 10,5 соли зиндон маҳкум шудани ғоратгари низомиёни Русия

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукм нисбати яке аз ғоратгарони хизматчиёни низомии русиягиро содир намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судя Дурандеш Иброҳимов хабар дод, моҳи марти соли 2012 Тоҷиддин Назаров ва Виктор Олейник тибқи маслиҳати пешакӣ ду хизматчии низомии Русия Арсентий Иренов ва Сергей Горковро дар роҳ нигоҳ медоранд. «Сипас онҳо ба низомиён таҳдид […]

Сайраҳмон Назриев



Суди шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукм нисбати яке аз ғоратгарони хизматчиёни низомии русиягиро содир намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судя Дурандеш Иброҳимов хабар дод, моҳи марти соли 2012 Тоҷиддин Назаров ва Виктор Олейник тибқи маслиҳати пешакӣ ду хизматчии низомии Русия Арсентий Иренов ва Сергей Горковро дар роҳ нигоҳ медоранд.

«Сипас онҳо ба низомиён таҳдид намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои шахсӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи низомӣ, телефони ҳамроҳ ва ҳамчун як миқдор маблағи начандон зиёд бо сомониро гирифта, барои баргардонидани онҳо аз ҳар кадоме аз сарбозон 10 ҳазор рублӣ тамаъҷӯӣ мекунанд», – иброз дошт судя.

Ба қавли судя, минбаъд низ Назаров ва Олейник бо ҳамин роҳ боз се нафар хизматчии ҳарбии русиягиро мавриди ғорат қарор додаанд.

Суд Тоҷиддин Назаровро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаҳои 248, қ. 3, б. «б» (Ғоратгарӣ) ва 244, қ. 3, б. «б» (Дуздӣ) гунаҳкор дониста, ба 10,5 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Зимнан зикр гардид, ки Виктор Олейник низ мутобиқи ҳамин моддаҳо муттаҳам дониста шуда, ба ҳамин муҳлати зиндон маҳкум шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.