Герасимов: Баҳри суботи ОМ Русия аз тамоми имконот истифода мекунад

Пас аз вохӯрӣ бо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерали артиш Валерий Герасимов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки Русия дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон баҳри таъмини суботу устуворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз тамоми имконот истифода хоҳад кард. Дар идома генерали воломақоми рус зикр кард, […]

Аваз Юлдошев


Пас аз вохӯрӣ бо сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерал-лейтенант Рамил Нодиров сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Русия генерали артиш Валерий Герасимов дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки Русия дар ҳамдастӣ бо Тоҷикистон баҳри таъмини суботу устуворӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз тамоми имконот истифода хоҳад кард.

Дар идома генерали воломақоми рус зикр кард, ки барои мавриди амал қарор додани мувофиқаҳо дар масоили низомӣ, ки зимни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта ҳосил шуда буд, Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Русия гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, имрӯз дар Душанбе ҷаласаи навбатии ин гурӯҳҳо баргузор шуд.

Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ бори дигар омодагии Русияро дар муҷаҳҳаз сохтани Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо техникаи муосири низомӣ изҳор намуд.

«Ман таъкид месозам, ки миёни кишварҳои мо мушкилоте нестанд, ки ҳалли онҳо ғайриимкон бошад», – иброз дошт вай, вале аз шарҳи бо кадом навъи аслиҳа ва ба кадом маблағ муҷаҳҳаз сохтани Артиши Тоҷикистон худдорӣ варзид.

Имрӯз ҳамчунин мулоқоти Герасимов бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев доир гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.