Ифтитоҳи намояндагии Фонди «Добрососедство» дар Тоҷикистон

Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии сардори Хадамот Сафиалло Девонаев бо директори генералии Фонди рушди ҳамбастагии байналмилалӣ «Добрососедство» Алисов Николай Александрович баргузор гардид. Бино ба иттилоишӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот С.Девонаев аҳамияти пурзӯр намудани ҳамкориҳоро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо ва дар асосӣ қонун фаъолият […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ вохӯрии сардори Хадамот Сафиалло Девонаев бо директори генералии Фонди рушди ҳамбастагии байналмилалӣ «Добрососедство» Алисов Николай Александрович баргузор гардид.

Бино ба иттилоишӯъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ, зимни мулоқот С.Девонаев аҳамияти пурзӯр намудани ҳамкориҳоро дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо ва дар асосӣ қонун фаъолият намудани муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Тоҷикистон, ҳамзамон дар қаламрави Федератсияи Россия, муҳим ва саривақтӣ хонд. 

Директори генералии Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» ҳамзамон аъзои Шӯрои ҷамъиятии назди Хадамоти муҳоҷирати Федеролии Россия дар вилояти Москва Н.А. Алисов иброз дошт, ки сарфи назар аз он ки Фонди мазкур ғайридавлатист, бевосита барои ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия бо ХМФ Россия ҳамкории зич дошта ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ кумакҳои бебозгашт мерасонанд. 

Мақсад аз ташриф овардани Н.Алисов ин ба имзо расонидани «Меморандум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба байни ХМ назди ҲҶТ ва Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» мебошад. Меморандуми мазкур баҳри таъмин намудани ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон, таъмини мубодилаи иттилооти доимӣ оид ба вазъи муҳоҷирон, доштани таҷриба дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, оид ба кортаъминкунандагони Федератсияи Россия, таъмини ҳафзи ҳуқуқ ва ичтимоии муҳоҷирон дар ҳудуди ФР ва муҳоҷирони ФР дар ҳудуди ҶТ ва дигар имкониятҳоро фароҳам меорад.

Дар рафти вохӯри тарафҳо доир ба кушодани Намояндагии Фонди рушди ҳамбастагиҳои байналмилалии «Добрососедство» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа омаданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.