А.Азимов: Русия нияти ҷорисозии раводид бо кишварҳои ОМ-ро надорад

Русия нияти ҷорисозии раводид бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро надошт ва надорад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сафири супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия Анвар Азимов хабар дод. Ба гуфтаи дипломат, мусоҳибаи телевизионии ӯ «мавриди таҳрифи зиёд» қарор гирифта, посухи ӯ дар бораи масъалаи раводид «аз матн носаҳеҳ» пешниҳод гардидааст. Бино […]

Фирӯз Умарзода


Русия нияти ҷорисозии раводид бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро надошт ва надорад. Дар ин бора зимни мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сафири супоришҳои махсуси Вазорати корҳои хориҷии Русия Анвар Азимов хабар дод.

Ба гуфтаи дипломат, мусоҳибаи телевизионии ӯ «мавриди таҳрифи зиёд» қарор гирифта, посухи ӯ дар бораи масъалаи раводид «аз матн носаҳеҳ» пешниҳод гардидааст.

Бино ба иттилои бахши тоҷикии сомонаи

радиои «Озодӣ»

, Анвар Азимов дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии «Дождь» гуфтааст, ки Русия омода аст, ба хотири таъмини амнияти марзҳояш бо Осиёи Марказӣ равобит бо Тоҷикистон  ва Ӯзбакистонро аз тариқи раводид ба роҳ монад.

Дипломат итминон дод, ки айни замон масъалаи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ нест ва тамоми масоили марбут ба он бо назардошти манфиатҳои тарафайн ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

«Мо муносибатҳо бо Тоҷикистону Ӯзбекистонро қадрдонӣ намуда, онҳоро шарикони стратегии худ мешуморем ва минбаъд низ ба ҳалли масоили дуҷониба ба нафъи мардуми кишварҳоямон кӯшиш ба харҷ хоҳем дод», – иброз дошт А.Азимов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.