«Амонатбонк» Наврӯзро бо мусобиқоти футбол пешвоз гирифт

Date:


Чанде қабл дар Муассисаи давлатии «Маҷмуаи варзишии ТоҷикСтандарт» дар шаҳри Душанбе вохӯрии ниҳоии дастаҳои кормандони 12 филиали  БДА ҶТ «Амонатбонк» оид ба футболи хурд бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барпо гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти БДА «Амонатбонк» хабар доданд, бо дастгирии Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ин мусобиқаи варзишӣ барои ба даст овардани ҷоми «Наврӯз-2013» таърихӣ 02.03.2013 оғоз шуда буд. Дар вохӯрии финалӣ барои дарёфти ҷоми «Наврӯз-2013» дастаи Раёсати Амонатбонк ва дастаи филиали Бонк аз н. Фирдавсии ш.Душанбе бо ҳам рақобат намуданд, ки дастаи Раёсати Бонк пирӯзӣ ба даст овард.  

Дар маросими супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоми «Наврӯз-2013» Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна, муовини раис Икромов Сироҷиддин Саломович ва муовини Раиси Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиаҳмад Мирзоев ширкат доштанд.   

Аз тарафи роҳбарияти Бонк ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд ваГулнора Кенҷаевна ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай табрик намуда ба онҳо барору комёбиро дар кору рӯзгор таманно намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...