И.Усмонов: Сафи зиёиёни фаннии тоҷик хеле ночиз аст

Date:


Маъмулан табақаи зиёиёни тоҷик асосан дар бахшҳои филологияву таърих ташаккул ёфта, маҳз бо ҳамин сабаби одӣ ба масоили гуманитарӣ, тозагии забони модарӣ ва таърих таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва бештар аз он изҳори ташвиш мекунад.

Дар ин робита сиёсатмадор, рӯзноманигор ва олими маъруфи тоҷик Иброҳим Усмонов чунин иброз андеша кард, ки барои баррасии мушкилоти миқёси ҷаҳонӣ сафи зиёиёни фаннии тоҷик хеле ночиз аст.

«Мушкилоти иқтисодии кишварро зиёиёни мо мувофиқи имконоти доштаашон, вале дар шакли хеле маҳдуд баррасӣ мекунанд, зеро барои баррасии бештар фарогир аз таҷрибаву дониши ғанӣ бархӯрдор нестанд», – мегӯяд вай.

Дар робита ба масъалаи начандон фаъол будани намояндагони зиёиён дар вохӯриҳои анъанавӣ бо президенти ҷумҳурӣ профессор зикр кард, ки ӯ ҳеҷ гоҳ дар ин мулоқотҳо ширкат наварзида, дар бораи шакли баргузории он ва мавқеъгириҳои зиёиён дар он тасаввуроти комиле надорад.

Ёдрас мекунем, ки мулоқоти анъанавии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони зиёиёни эҷодкор, ки ҳамасола дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз доир мегардад, соли равон санаи 20-уми март дар бинои нави Осорхонаи миллии ҷумҳурӣ баргузор мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Таблиғот ва рӯҳияи бегонаситезӣ”. Омили муассири куштори Қобилҷон Алиев дар Русия чӣ аст?

Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷиноятҳои мудҳиш дар заминаи...

Юсуфшо Яъқубов: Ҷойи Раҳим Масов холӣ аст

Чанд сол аст, бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод доранд,...

Оё оташбас поёни ҷанг аст? Сабақҳо аз ҷанги Исроил бо Эрон

Даргирие, ки 13-уми июн бо ҳуҷуми ногаҳонии Исроил ба...

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ дар адабиёти сурхи коммунистӣ

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст....