Коҳиши воридоти гандум тӯли ду моҳи соли равон


Тӯли 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон 107 ҳазору 483,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор тонна камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми воридоти орд дар ин давра ба 42,1 ҳазор тонна баробар шуда, дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2012 ба миқдори 59,2 ҳазор тонна камтар мебошанд.

«Бешак сабаби коҳиши воридоти орду гандум дар он аст, ки тайи моҳҳои ахири соли гузашта ширкатҳои воридкунандаи ин маҳсулот нисбат ба ҳаҷми зарурӣ ду баробар зиёдтар орду гандум ворид намуда, талаботи бозорро барзиёд қонеъ карданд ва акнун камбуди ин маҳсулот ба мушоҳида нарасида, талабот чун пештара боқӣ мондааст», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, дар дохили ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли орд ва макарон зиёд шуда, дар ин давра корхонаҳои ҷумҳурӣ 194,4 ҳазор тонна орд истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,4 ҳазор тонна зиёдтар аст.

spot_imgspot_img

Популярное