Коҳиши воридоти гандум тӯли ду моҳи соли равон

Тӯли 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон 107 ҳазору 483,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор тонна камтар аст. Ба иттилои […]

Заррина Эргашева


Тӯли 2 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти гандум ва орд ба Тоҷикистон коҳиш ёфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зарфи 2 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти гандум ба Тоҷикистон 107 ҳазору 483,5 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,4 ҳазор тонна камтар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми воридоти орд дар ин давра ба 42,1 ҳазор тонна баробар шуда, дар муқоиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2012 ба миқдори 59,2 ҳазор тонна камтар мебошанд.

«Бешак сабаби коҳиши воридоти орду гандум дар он аст, ки тайи моҳҳои ахири соли гузашта ширкатҳои воридкунандаи ин маҳсулот нисбат ба ҳаҷми зарурӣ ду баробар зиёдтар орду гандум ворид намуда, талаботи бозорро барзиёд қонеъ карданд ва акнун камбуди ин маҳсулот ба мушоҳида нарасида, талабот чун пештара боқӣ мондааст», – гуфтанд дар вазорат.

Дар ҳамин ҳол, дар дохили ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли орд ва макарон зиёд шуда, дар ин давра корхонаҳои ҷумҳурӣ 194,4 ҳазор тонна орд истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,4 ҳазор тонна зиёдтар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.