Пешбарии номзади ҲХДТ дар ҳавзаи интихоботии Восеъ

Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази ҷамоати шаҳраки Восеъ Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар кори Конференсияи муштарак раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ва вакилони интихобшудаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ аз […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта дар маркази ҷамоати шаҳраки Восеъ Конференсияи муштараки ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Восеъ, Балҷувон ва Темурмалик баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар кори Конференсияи муштарак раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон Аҳмадҷон Ализода, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ва вакилони интихобшудаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ аз ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Восеъ ҷамъ 120 нафар ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти кори Конференсия як масъала- пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39 ба ивази вакили хориҷшуда баррасӣ гардид. Бо таклифи вакилони Конференсияи муштарак номзадии Ибодулло Неъматов пешбарӣ гардид ва тариқи овоздиҳии пӯшида аз 120 нафар вакилони ширкат дошта 118 нафар аз он ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамин тариқ, дар асоси карори Конференсияи муштарак Ибодулло Неъматов, ки айни ҳол дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Мичурини ноҳияи Восеъ фаъолият дорад, номзад ба вакилии  МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии Восеъ №39  аз  ҲХДТ пешбарӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.