Ҳабси Абдуллоҷонов то истирдоди имконпазир

Суди ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев нисбати собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов чораи ҳабси истирдодиро мавриди амал қарор дод. Ҳамин тариқ суд дархости прокуратура дар бораи қабули қарор оид ба ҳабси истирдодии Абдуллоҷонов бинобар сабаби то ба аҳол ба итмом нарасидани санҷиши истирдоди ӯро қонеъ сохт. «То ҳалли масъалаи истирдоди ӯ ҳабси истирдодии Абдуллоҷонов муқаррар карда […]

ASIA-Plus


Суди ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев нисбати собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов чораи ҳабси истирдодиро мавриди амал қарор дод.

Ҳамин тариқ суд дархости прокуратура дар бораи қабули қарор оид ба ҳабси истирдодии Абдуллоҷонов бинобар сабаби то ба аҳол ба итмом нарасидани санҷиши истирдоди ӯро қонеъ сохт.

«То ҳалли масъалаи истирдоди ӯ ҳабси истирдодии Абдуллоҷонов муқаррар карда шавад, вале на зиёдтар аз 12 моҳ», – гуфта шудааст дар таъиноти суд.

Мувофиқи қонунгузорӣ, ҳабси истирдодӣ маънои онро надорад, ки шахси мавриди амали он қароргирифта ҳатман истирдод хоҳад шуд. Он чораи пешгириест то ҳалли масъалаи мавриди истирдод қарор гирифтан ё нагирифтани ӯ мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ҳимоятгари собиқ нахуствазири Тоҷикистон Андрей Федур изҳор намудааст, ки рӯзҳои наздик аз болои ин таъинот шикоят хоҳад бурд.

«Ин як қарори бесобиқаи судии ғайриқонунӣ буда, мансабдорони украинӣ моро ба кадом як муноқишаи ҳуқуқӣ кашиданианд», – зикр кардааст ҳимоятгар.

Ӯ шарҳ додааст, ки суд мавриди амал қарор додани ҳабси истирдодӣ нисбати зерҳимояашро бо он маънидод кардааст, ки Абдуллоҷонв дар Украина гуреза нест ва ҳуҷҷатҳои дар ИМА мақоми паноҳанда доштани ӯро омӯхта ба хулосае расидааст, ки он барои даст кашидан аз қабули чунин қарор асос шуда наметавонад.

«Ин нақзи дағали қонунгузории Украина ва ҳуқуқи байнулмилалӣ аст», – ибрози андеша кардааст Андрей Федур.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи феврали соли равон Прокуратураи генералии ҶТ ҷиҳати ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурдани собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалик Абдуллоҷонов ба ҳамтоҳои украинии худ дархост ирсол намуд.

Прокуратураи генералии ҶТ бар ин назар аст, ки барои истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон далоили пешниҳодшудаи исботи айби ӯ кофианд.

Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Киев оид ба баррасии масъалаи истирдоди собиқ нахуствазири ҷумҳурӣ Абдумалиқ Абдуллоҷонов

ҷаласаи навбатии судӣ

доир гардид.

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврали соли равон дар фурудгоҳи байнулмилалии «Бориспол»-и шаҳри Киев бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шуд. Рӯзи 7-уми феврал суд оид ба ҳабси муваққатии Абдуллоҷонов ба муҳлати 40 рӯз қарор қабул кард, ки дар ин муддат ҳукуматдорони Тоҷикистн мебоист ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷиҳати асоснок будани истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро пешниҳод мекарданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.