Боздиди намояндагони Хадамоти фаъолиятҳои сиёсии хориҷии ИА аз АНМН

Ахири ҳафтаи гузашта Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров намояндагони Хадамоти фаъолиятҳои сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ХФСХИА) Витенис  Бенетис ва Маури Пасаненро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти АНМН, дар мулоқот, ки бо ташаббуси ХФСХИА созмон ёфта буд, Директори Агентӣ ҳайатро бо вазъи вобаста ба маводи […]

ASIA-Plus


Ахири ҳафтаи гузашта Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров намояндагони Хадамоти фаъолиятҳои сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо (ХФСХИА) Витенис  Бенетис ва Маури Пасаненро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти АНМН, дар мулоқот, ки бо ташаббуси ХФСХИА созмон ёфта буд, Директори Агентӣ ҳайатро бо вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуд. 

Ғайр аз ин Р.Назаров ба меҳмонон дар бораи ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкасбонашон аз кишварҳои ҳамсояи минтақа дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир иттилоъ дод.

Сарвари АНМН дар бораи чораву тадбирҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад, фаъолиятҳои Агентӣ ва дастоварду дурнамои рушди он, натиҷаҳои ҷамъбасти “Барномаи ягонаи давлатии мақсадноки пешгирии нашъамандӣ ва муқобила бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” ва ҳадафҳои аслии қабули Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 муфассал нақл намуд.  

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавии мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин дурнамои ҳамкориҳо баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз ҶИА дар соли 2014 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Зимни суҳбат  ҳамчунин аз натиҷаи ҳамкориҳои зиддимухаддиротии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ шуд ва АНМН ва ХФСХИА  хостори рушди ин ҳамкориҳо дар оянда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.