Идомаи кори конфронси «Гузариш ба пахши рақамӣ: шаффофият ва воқеият»

Имрӯз дар меҳмонсарои «Гулистон тур» конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ: шаффофият ва воқеият» кори худро идома медиҳад. Тавре аз Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи телевизион ва радио, роҳбарони шабакаҳои давлатӣ ва мустақили телевизионӣ, коршиносони мустақили ватаниву хориҷӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар меҳмонсарои «Гулистон тур» конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ: шаффофият ва воқеият» кори худро идома медиҳад.

Тавре аз Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар кори он намояндагони мақомоти давлатии соҳаи телевизион ва радио, роҳбарони шабакаҳои давлатӣ ва мустақили телевизионӣ, коршиносони мустақили ватаниву хориҷӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доранд.

Дар рӯзи аввали чорабинии мазкур, ки бо ташаббуси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии ҷумҳурӣ ва мусоидати молиявии Институти Ҷомеаи Кушлда Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад, масоили марбут ба татбиқи Барномаи давлатии гузариш ба пахши рақамӣ баррасӣ шуд.

Раиси ассосиатсия Зинатулло Исмоилов ҳадафи аслии баргузории конференсияи мазкурро музокираи судманди танзимкунандаи асосии соҳа – Кумитаи телевизион ва радио ва шабакаҳои мустақили телевизионӣ унвон кард. Муовини раиси кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ Самад Ҳикматов давраҳои татбиқи барномаро натиҷагирӣ намуда, изҳор дошт, ки гузариш ба пахши рақамӣ равандест, ки бояд давра ба давра татбиқ шавад. Директори ҶСК «Телерадиоком» Сӯҳроб Алиев иттилоъ дод, ки айни ҳол 46, 8 фоизи аҳолии кишвар ба пахши рақамии шабакаҳои давлатии телевизионӣ имкони дастрасӣ доранд.

Мавзӯи аслии баҳсе, ки миёни намояндагони роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радио ва иштирокчиёни конференсия доир гардид, тақдири шабакаҳои мустақили телевизионӣ дар ин раванд ва масъалаи бо маводи босифату рақобатпазир таъмин намудани шабакаҳои телевизионӣ буд. Муовини раиси Кумитаи телевизион ва радио Дилафрӯз Амирқулова омодагии Кумитаро барои ҳамкорӣ бо ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионӣ дар ин бобат изҳор кард.

Дар конференсия роҳбари ТҶ «Хома» Шаҳло Акобирова дар мавзӯи «Гузариш ба пахши рақамӣ: шаффофият ва воқеият», раиси Ассосиатсияи интернет провайдерҳои ҶТ Асомуддин Атоев дар мавзӯи «IPTV имкони нави тавсеаи фарогирии контенти телевизионӣ» ва коршинос аз Федератсияи Россия Александр Мих аз таҷрибаи Россия дар мавриди гузариш ба пахши рақамӣ суханронӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.