Судя «Тоҷирон»-у Воҳидоваро ба созиш даъват кард

Зимни мурофиаи пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидова судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷонибҳоро ба созиш даъват кард. Адвокат Воҳидова дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳимоятгари даъвогар Иноят Иноятов дарҳол ин пешниҳодро рад намуда, изҳор кардааст, ки инҷо сухан сари интишори маълумоти […]

Маҳпора Киромова


Зимни мурофиаи пешакӣ оид ба баррасии даъвои ширкати «Тоҷирон» нисбат ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» ва адвокат Файзинисо Воҳидова судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе ҷонибҳоро ба созиш даъват кард.

Адвокат Воҳидова дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки ҳимоятгари даъвогар Иноят Иноятов дарҳол ин пешниҳодро рад намуда, изҳор кардааст, ки инҷо сухан сари интишори маълумоти бардурӯғ бо мақсади паст задани нуфузи кории ширкати «Тоҷирон» меравад, вале як намояндаи дигари ширкат эҳтимоли ҳалли масъала бо чунин роҳро бо шарти аз ин ба баъд дар ин бора маълумот дарҷ накардани ВАО аз эҳтимол дур надонистааст.

«Иноятов иброз дошт, ки қарори муфаттиши прокуратура дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноӣ бинобар сабаби марги ронандаро дар даст доранд. Онҳо дигар чизе надоранд. Ин санад дар дасти мо низ мавҷуд аст, вале ин ҳанӯз исбот буда наметавонад», – мегӯяд Воҳидова.

Дар идома адвокат зикр кард, ки даъвогар ба ҷой доштани ҳодисаи садамаи нақлиёт, зарари расида ба ширкат бар асари он ва марги ронанда комилан розӣ аст, аммо далели ивази ҷасад ба маблағи муайянро барои ҷуброни хисорот рад мекунад.

«Мо ҳам дар бораи чӣ гуна ба пайвандон додани ҷасад чизе пешниҳод нахоҳем кард, зеро дар мақола таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар «Тоҷирон» ба сарчашмаи хабар истинод меоварем, ки онҳо шахсони сеюму даҳум, яъне сокинони деҳа буда метавонанд, ки зимни сафари кориам ба ман гуфта буданд», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи Воҳидова, дар ин ҳолат сарфи назар аз мусоҳибаи ӯ ба рӯзномаи «ИмрӯзNews» дар бораи ҷой доштани далели имконпазири ивази ҷасад ба маблағи 20 ҳазор доллари ИМА, ӯ сарчашмаи аслии маълумот нест ва инро дар суҳбат бо журналисти рӯзнома низ зикр кардааст.

Аммо қаблан дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари даъвогар Иноят Иноятов изҳор карда буд, ки ӯ якчанд асноди аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд пешниҳодшударо дар даст дорад. Ин ҳуҷҷатҳо тӯҳмат кардани ширкат аз ҷониби Воҳидоваро собит месозанд. Ғайр аз ин, ҷониби даъвогар бо тамоми хешовандони марҳум вохӯриҳо доир намуда, онҳо далели ҷой доштани ивази ҷасад ба 20 ҳазор доллари ИМА-ро тасдиқ накардаанд.

Ёдрас мекунем, ки даҳаи сеюми моҳи феврали соли равон ширкати «Тоҷирон» барои туҳмат ва зарар расонидан ба нуфузи кории ширкат нисбат ба адвокат Файзинисо Воҳидова ва рӯзномаи «ИмрӯзNews» ба Суди олии иқтисодӣ

даъво пеш овард.

Онҳо аз суд дархост карданд, ки мақолаи дар рӯзнома таҳти унвони «Мурдафурӯшӣ дар ширкати «Тоҷирон» нашршударо ғайривоқеӣ эътироф намуда, аз рӯзнома талаб карда шавад, ки ба он расман раддия чоп гардад. Ғайр аз ин, барои дар мақола истифода шудани андешаҳои адвокат Файзинисо Воҳидова, ки ба мартабаи кории ширкат зарар расонидааст, ситонидани 50 ҳазор сомонӣ аз Воҳидова ва маблағи рамзии 1 сомонӣ аз рӯзнома низ тақозо карда шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.