КДАМ: Боздошти ҳаммаслаки қочоқбарони афғон дар ВМКБ

Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ аз рӯйи далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо Афғонистон сокини 30-солаи ноҳияи Рӯшон Юсуф Расуловро боздошт намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ иттилоъ доданд, шаҳрванди боздоштшуда тавассути қаиқи худсохти резинӣ аз дарёи Панҷ ба он сӯи марз гузашта, муддати чанде […]

Аваз Юлдошев


Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар ВМКБ аз рӯйи далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо Афғонистон сокини 30-солаи ноҳияи Рӯшон Юсуф Расуловро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ иттилоъ доданд, шаҳрванди боздоштшуда тавассути қаиқи худсохти резинӣ аз дарёи Панҷ ба он сӯи марз гузашта, муддати чанде дар Афғонистон қарор доштааст. Айни замон мақсади убури ғайриқонунии марз аз ҷониби ин шаҳрвандро таҳқиқ мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ҳаммаслаки қочоқбарони афғон, ки аввали моҳи феврал дар қисмати Ишкошими марз безарар шуда буданд, низ ошкор гардидааст. «Ба гумони мусоидат ба қочоқбарони афғн донишҷӯи Донишгоҳи Осиёи Марказии шахри Хоруғ, шаҳрванди 23-солаи Афғонистон Алидод валади Мирдод боздошт шуд, ки аз қочоқбарон ба ивази 300 дона шишаи арақ овардани 1,5 кило героин ба ВМКБ-ро дархост намудааст», – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки он замон дар натиҷаи як амалиёти вижа як тан аз шаҳрвандони Афғонистон куштаву ба ду нафар ҳамммаслакони ӯ паноҳ бурдан дар қаламрави кишвари ҳамсоя муяссар гардида, дар макони ҳодиса як адад автомати Калашников бо муҳимоташ дарёфт шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.