Маҷлиси навбатии ҳукумат таҳти раёсати президент

Имрӯз таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис пеш аз ҳама Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд. Сарвари […]

ASIA-Plus


Имрӯз таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, раиси ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумат баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маҷлис пеш аз ҳама Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тасдиқ карда шуд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки омодагии ҷиддӣ ба зимистонро аз ҳозир ҳамаҷониба оғоз намоянд. Таваҷҷуҳи зиёд ба барқарору навсозии марказҳои барқугармидиҳии мавҷуда ва тезондани сохтмони маркази нави барқугармидиҳии шаҳри Душанбе зоҳир гардид. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба захира намудани ангишт, гази моеъ ва мазут дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, “Дар бораи воситаҳои нашадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо”, “Дар бораи индексатсияи даромади аҳолӣ бо назардошти нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ”, “Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ”, “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тағйиру иловаҳо пешниҳод гардид. Хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи ду қонуни нав – “Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия” ва “Дар бораи нафт ва газ” низ маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили 700-солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар соли 2015 ва таъсиси Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон қабул карда шуд.

Номгӯйи конҳои ангишти дорои аҳамияти стратегӣ тасдиқ гардид.

Дар фароварди маҷлис дар назди масъулин доир ба омода намудани обкашҳои барқӣ барои таъмини кишоварзон бо об, ҷамъоварии маблағҳои истифодаи об, иҷрои супоришҳои Сарвари давлат, ки зимни сафарҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон дода шуда буданд ва ҳамчунин доир ба вусъат додани корҳои соҳилбандӣ ва пешгирӣ аз оқибатҳои шадиди офатҳои табиӣ, вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.