Омодагӣ ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина

Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо вазири рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Геннадий Темник вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина, масоили омодагии тарафҳо ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии кишварҳо, […]

ASIA-Plus


Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Украина Шуҳрат Султонов бо вазири рушди минтақавӣ ва сохтмони Украина, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Геннадий Темник вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Украина, масоили омодагии тарафҳо ба ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодии кишварҳо, ки рӯзҳои 2-4-уми апрели соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, дар маркази таваҷҷуҳи мулоқот қарор доштааст.

Сафир таъкид кардааст, ки сарфи назар аз афзоиши назарраси ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо дар соли 2012 (173,2% нисбат ба нишондиҳандаи соли 2011), ба сурати умум баҳри боз ҳам бештар ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷониба дар амалисозии лоиҳаҳои мутақобилан судманд ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноату энергетика ва маҳсулоти кишоварзӣ имконоти зиёде мавҷуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи масъалаҳои рушди робитаҳои байниминтақавӣ, густариши ҳамкориҳо дар бахши илму маориф табодули назар сурат гирифта, зикр гардид, ки баргузории Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон моҳи июн ба наздикшавии фарҳанги мардум ва тақвияти ҳамкориҳо дар ин соҳаи муҳим мусоидат менамояд.

Ш.Султонов аз ҳамсуҳбати худ дархост кардааст, ки ба ҳалли ҳарчи зудтари масъалаи барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбе ва Киев мусоидат намояд.

Дар навбати худ Г.Темник манфиатдории Украина ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо Тоҷикистонро изҳор дошта, изҳори итминон кардааст, ки ҷаласаи қарибулвуқӯъи байниҳукуматӣ дар Душанбе ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Дар робита ба барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Киев, Г.Темник омодагии Украина ба ифтитоҳи хатсайри ҳавоии Душанбе-Киев-Франкфуртро зикр кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал бо дар бораи фаҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.