Нигаронии шаҳрдори Душанбе аз гумшавии хурдсолон

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсид Убайдуллоев аз ҳодисаи бедарак шудани духтарчаҳои хурдсол рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир баҳри ҳарчи зудтар дарёфт намудани онҳо супориш дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев зимни иҷлосияи сенздаҳуми  Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати чорум […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсид Убайдуллоев аз ҳодисаи бедарак шудани духтарчаҳои хурдсол рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз дар пойтахт изҳори нигаронӣ намуда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир баҳри ҳарчи зудтар дарёфт намудани онҳо супориш дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, М.Убайдуллоев зимни иҷлосияи сенздаҳуми  Маҷлиси   вакилони   халқи  шаҳри Душанбе даъвати чорум бо ишора ба ин қазия зикр кард, ки аз ҷониби падару модарон нодида гирифтани талаботи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бештар ба ин гуна ҳодисаҳо оварда мерасонад.

Дар иҷлосия ҳисоботи муовини раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Мансуров оид ба ҷараёни иҷрои самараноки Нақшаи амал оид ба таъсис ва таҷдиду азнавсозии корхонаҳои истеҳсолии саноатии шаҳри Душанбе дар солҳои 2012-2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.