Зимни вохӯрӣ бо журналистон сариқтисодчӣ ва сарноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили иқтисод ва рушд Каушик Басу изҳор намуд, ки Тоҷикистонро ҳалли мушкили таъминот бо энергия зарур аст, зеро ҳама гуна барнома, аз қабили энергетикӣ ё дигар ба ҳалли мушкилоти масалан марбут ба барномаҳои ҳифзи табиат ва ғайра пайваста аст.
Басу зикр кард, ки аз масоили марбут ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба хубӣ огаҳ нест, вале ин масъала ва лоиҳаҳои дигар ба коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон алоқаманданд.
Дар идомаи масъалаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун мудири минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ ҷаноби Сароҷ Кумар изҳор намуд, ки айни замон дар БҶ нисбати масъалаи нерӯгоҳи мазкур андешаи мушаххасе ҳосил нашудааст, зеро корҳои арзёбии лоиҳа идома доранд.
«Дар ҷараёни арзёбӣ хароҷот ва даромади марбут ба лоиҳа мавриди омӯзиш қарор дода шуда, арзёбии лоиҳа бар асоси шаффофият сурат хоҳад гирифт, то ки тамоми кишварҳои ҳавзаи рӯдхонаи Амударё ба натиҷа ва баходиҳии он дастрасӣ дошта бошанд», – иброз дошт вай.
Каушик Басу дастовардҳои Тоҷикистон дар масъалаи коҳиши сатҳи камбизоатиро назаррас эътироф намуда, онро ба афзоиши интиқоли маблағҳои пулӣ нисбат дод. «Аммо вобастагӣ ба интиқоли маблағҳои пулӣ набояд зиёд бошад, зеро зимни коҳиши он дар Ҳиндустон сатҳи камбизоатӣ дар ин кишвар боло рафт ва Тоҷикистон бояд бештар ба масъалаи сармоягузорӣ ба зербино, рушди корхонаҳо ва такмили техникаву таҷҳизоти истеҳсолотӣ таваҷҷуҳ зоҳир созад», – зикр кард ӯ.
Сариқтисодчии БҶ ба он ишора кард, ки барои Тоҷикистон ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба маълумоти хушсифат, тандурустӣ, амнияти ғизоӣ ва ҳамчунин ҳалли мушкили таъминот бо энергия дар фасли зимистон масоили афзалиятнок боқӣ мемонанд.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон сол то сол коҳиш меёбад. Соли 2008 ин нишондиҳанда – 50%, соли 2009 – 46,7%, соли 2010 – 45%, соли 2011 – 41% ва соли 2012 – 38,3%-ро ташкил дод. Дар назар аст, ки соли 2015 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон то 31,5% поин меравад.



