Кӯлоб: Сабти ду ҳодисаи худкушӣ дар соли равон


Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи прокуратураи вилояти Хатлон оид ба баррасии масъалаи худкушӣ дар ҷомеа зикр гардид, ки соли 2012 дар шаҳри Кӯлоб 13 ҳодисаи худкушӣ ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст, соли 2011 низ нишондиҳанда чунин буд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иштирокчии ҷаласаи мазкур, мудири шуъбаи кор бо занони шаҳрдории Кӯлоб Саида Нураминова хабар дод, бар асари ин ҳодисаҳо 4 нафар ҳалок шуда, ба табибон наҷоти нафарони боқимонда муяссар шудааст.

Ба гуфтаи вай, аз 13 нафаре, ки қасди худкушӣ кардаанд, 7 нафарашон занон мебошанд. «Тӯли се моҳи соли равон дар шаҳр ду ҳодисаи даст ба худкушӣ задан сабт гардид, ки яке зани 29-сола ва дигарӣ марди 57-сола мебошад», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, пас аз ҷаласаи ҳайати мушовара барномаи комплексии кор бо аҳолӣ дар маҳалҳо бо истифода аз наворҳои видеоии прокуратура таҳия  ва ба роҳ монда хоҳад шуд.

spot_imgspot_img

Популярное