Дархости Зеландияи Нав ҷиҳати дастгирии номзадаш ба мақоми роҳбари СУС


Чанде қабл мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири Зеландияи Нав дар Иттиҳоди Аврупо ҷаноби Вангелис Виталис сурат гирифт.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷараёни суҳбат зикр гардид, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ муҳайё карда шуда, ҷиҳати сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод як қатор имтиёзҳо пешбинӣ шудааст.  

Ҷаноби Вангелис Виталис ба муносибати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо гардидани Тоҷикистон таманниёти неку самимии худро баён дошт. Сипас, роҷеъ ба дастгирии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати интихоб гардидани вазири тиҷорати Зеландияи Нав ба мақоми Директори генералии СУС изҳори хоҳиш намуд.

«То имрӯз бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СУС аз 9 кишвар (Гана, Коста-Рика, Индонезия, Зеландияи Нав, Кения, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия), ки намояндаҳои хешро пешниҳод намудаанд, 6 давлати аъзо (Индонезия, Зеландияи Нав, Иордания, Мексика, Кореяи Ҷанубӣ ва Бразилия) ҷиҳати дастгирии номзадҳояшон ба мақоми Директори генералии СУС муроҷиат намудаанд», – зикр намуд, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Шариф Раҳимзода ва афзуд, ки ин амал аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай ҷумҳурии мо дар СУС мақоми арзандаи худро пайдо намудааст.

Ш.Раҳимзода дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки намояндагони ҷумҳурии мо пас аз баррасии амиқи барномаҳои пешазинтихоботии муддаиёни ин мансаб ҳатман номзадеро, ки метавонад баҳри рушду равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар байни кишварҳои аъзои СУС таҳаввулот ворид созад, ҷонибдорӣ намояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ мубодилаи афкор намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное