Баррасии масоили рушди муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон


Чанде қабл вохӯрии сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов бо муовини нахуствазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон доир гардид.

Тавре аз сафоратхонаи Озарбойҷон дар ҶТ хабар доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, рушду тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи имкони ҷалби соҳибкорони озарбойҷонӣ барои сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор сурат гирифта, дар бораи нияти холдинги «Азерсун»-и Озарбойҷон дар мавриди таъсиси корхона оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ибрози назар шуд.

Сафири Озарбойҷон амалисозии 9 санади зимни сафари расмии президенти ҶТ ба Озарбойҷон моҳи июли соли 2012 баимзорасидаро муҳим арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки он ба пурмаҳсул гардидани муносибатҳои дуҷониба мусоидат ва аксари масоли миёни кишварҳоро ҳаллу фасл намуд.

Дипломати озарбойҷонӣ ҳамчунин дар бораи нақшаи дар Тоҷикистон баргузор намудани Намоишгоҳи тиҷоратии маҳсулоти истеҳсоли Озарбойҷон маълумот дод.

spot_imgspot_img

Популярное