Сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масоили занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ хонум Лола Бобоҳоҷиева, роҳбари Агентии омори назди президенти ҶТ хонум Бахтия Муҳаммадиева ва муовини якуми вазири тандурустӣ хонум Саида Ҷобирова дар муаррифии натоиҷи қаблии Тадқиқоти тиббӣ-демографӣ (ТТД) ширкат варзиданд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, тадқиқоти мазкур аз ҷониби ҷомеаи байналмиллал эътироф шудааст.
Дар Тоҷикистон баъзе нишонаҳои мусбат аз руи якчанд нишондодҳои тандурустӣ ба қайд гирифта шудаанд. Фавти кӯдакони то 5 сола 43 ба 1,000 дар солҳои 2008-2012 расид, ки ин назар ба 54 ба 1,000 дар солҳои 2003-2007 ва 76 ба 1,000 дар солҳои 1998-2002 ташкил дод. Аз байни заноне, ки дар 5 соли охир кӯдакони зинда ба дунё оварданд, 87 % бо кӯмаки мутахассисони касбӣ ва 77 % дар муасиссаҳои тандурустӣ зодаанд.
«Тасаввур кардани банақшагирӣ ё қабули қарор бидуни маълумоти омор имконнопазир аст. Тадқиқоти мазкур ба ашхоси масъули ҳукумати Тоҷикистон, ки дар қабули тасмим саҳм доранд ва шарикони байналмиллалӣ маълумоти омории дақиқ ва ниҳоӣ роҷеъ ба вазъи саломатии аҳолӣ пешниҳод мекунад»- қайд намуд Сафир Эллиотт дар суханронии хеш.



